Ифшо шудани ҳолати дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аризаи марди 40-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки санаи 24-уми январи соли 2026, тахминан соати 15:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 8 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 40-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо модаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.















