Ҳалокати пиёдагард дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ
31-уми январи соли 2026, тахминан соати 02:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “GAC AION S”, Ашуров Бобоҷон Боронхонович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ҳисор ба самти шаҳри Душанбе, дар роҳи мошингарди ҳудуди деҳаи Шайнаки Чинори ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагард Гадоева Шукрона Таваралиевна, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Рӯдакиро, ки дар байни роҳ қарор дошт, пахш намудааст.
Дар натиҷа Гадоева Ш.Т. ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.















