Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, ҳангоми дар ҶДММ “Алика”, ба ҳайси намояндаи савдо кор ва фаъолият намуданаш маблаи 75 ҳазору 769-сомониро ба даст оварда ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани ҷинояти азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз 1-уми майи соли 2023 то 29-уми декабри соли 2025, дар ҶДММ «Грин Фудс» кору фаъолият намуда, дар давоми фаъолияти кориаш молҳои ҶДММ-и мазкурро ба мағозаҳо ва нуқтаҳои савдои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тақсим карда, маблағҳои ҶДММ “Грин Фудс” дар умум 58 ҳазору 738 сомониву 80-дирам ба даст овардаашро азонихуд намуда, ба манфиати худаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

















