Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян шудани ду ҳолати дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён аризаи марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 8-уми январи соли 2026, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии ёрирасонаш 2-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд, ки зарари расонидашуда 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои операивӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 49-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои операивӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия чаҳор ноболиғи 17-солаи сокинони ноҳияҳои Мастчоҳ ва Деваштич бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон 29-ум ба 30-юми январи соли 2026, бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи «Бону», воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон, ки ба ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров тааллуқ дорад даромада, аз он ҷо маҳсулоти хӯрокаворӣ, тамоку, дафтару ручка, нӯшокиҳо ва ғайраҳоро ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои операивӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш соли 2020 бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, бо ҳамроҳи шахсони шахсияташон ба тафтишот номаълум, 27-ум ба 28-уми январи соли 2026, тахминан соати 23:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 39-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, аз онҷо якчанд намуд таҷҳизотҳои барқи (телевизор, соат, чархбол “дрон”) ва ғайраҳо ба маблағи 17 ҳазору сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Нисбати гумонбаршаванда ва дигарон бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

02.02.2026 8:22
19