Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти марди қаблан судшуда барои авбошӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои операивӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Гулистон, пеш бо қисми 2 моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 29-уми январи соли 2026, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматии марди 38-солаи сокини шаҳри мазкур қарор дошта, аз ҳиссиёти авбошӣ аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол намуда, охиронро мавриди лату кӯб қарор дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, бо истифода аз корди хоҷагӣ 1-маротиба ба китфи чапи ҷабрдида зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Дар натиҷаи ҷабрдида ҷароҳати љисмонї бардоршта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

02.02.2026 8:21
38