Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии ҳамсар

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 44-солаи сокини  ноҳияи Спитамен, ки қаблан бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 31-уми январи соли 2026, тахминан соати 00:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамроҳи ҳамсараш зани 43-солаи сокини ҳамонҷо аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол карда, 1-маротиба бо корди хоҷагӣ ба шикамаш зарба задааст, ки ба охирон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст. 
Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардошта ҷабрдида ҳамчун ҷароҳати «Вазнин» ба саломатӣ мансуб дониста шудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

02.02.2026 8:20
36