Шарҳу тавзеҳи Паём аз ҷониби масъулини ВКД дар Мактаби байналмилалии Президентӣ
Имрӯз дар Мактаби байналмилалии Президентии пойтахт ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулини ВКД ҷамъомад доир гардид.
Дар чорабинӣ муовини якуми РОПҲНҶ, полковини милитсия Умарҷони Эмомалӣ суханронӣ намуда, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ дод.
Қайд карда шуд, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар бар гирифта, ҳамчун дастури раҳнамо барои рушду нумуъ ва ободониву созандагӣ хизмат менамояд.
Зикр гардид, ки ташаббусу тадбирҳои солҳои охир андешидаи Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла иҷтимоиёт боис ба беҳбуд ёфтани шароити кору рӯзгори мардум гардида, дар Паёми навбатӣ низ Роҳбари давлат ба ин нукта таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Воқеан ҳаам Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ инъикосгари воқеии ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии мамлакат буда, дар он вазъи ҷорӣ ва дурнамои рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, имкониятҳои иқтисодиву молиявии давлат ҷиҳати иҷрои нақшаҳои тарҳрезишуда, фаъолияти бонизом ва муназзами мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идоракунӣ ва ҷамъиятӣ, вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, инчунин самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар мавриди таҳлили Сарвари давлат қарор дода шуданд.
Ҳамзамон дар ин ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, вобаста ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, масъалаҳои роҳу воситаҳои муосири ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илму маърифат, машғул шудан ба варзиш, баланд намудани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ин насли умедбахши ҷомеа таклифу пешниҳодҳои муфид иброз карда шуд.
Абдулмуъмин Зайниддинзода, Ҳакимҷон Назарзода



















