Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян шудани ҳолатҳои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино мактуб аз номи намояндаи ҶДММ “Гулшан 2010”, марди 42-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки соҳибкори инфиродӣ марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе, 3-юми апрели соли 2025, аз ҶДММ “Гулшан 2010” молу маҳсулоти нушокиҳои ташнашикан ба маблағи 62 ҳазору 899-сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки 29-уми ноябри соли 2025, маблағҳояшро пардохт менамояд.
Аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, нушокиҳоро дар бозори “Фаровон” фурӯхта маблағҳояшро азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Инчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино мактуб аз номи намояндаи ҶДММ “Гулшан 2010”, марди 42-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки соҳибкори инфиродӣ ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Душанбе, ба ҳайси намояндаи фурӯши ҷамъият кор карданаш дар ҳудуди бозорҳои шаҳри Душанбе молу маҳсулотҳои аз ҷониби ҶДММ “Гулшан 2010”-ро ба маблағи 142 ҳазору 878-сомонӣ ба ӯ супоридашударо ба ҶДММ-и мазкур насупорида, азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Оидба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

31.01.2026 8:31
32