Даст ба дуздӣ задани ду ҷавон ва ноболиғ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 69-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, аввалҳои моҳи январи соли 2026, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили анборхонааш 5-адад кабутарро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 12 ҳазору 200-доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавонони 22, 25 ва ноболиғи 17-солаи сокинони пойтахт содир намудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
















