Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози парвандаи ҷиноятӣ, барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, моҳи сентябри соли 2024, марди 48-солаи сокини ноҳияи мазкур таввасути ҳавопаймо барои кор таъмин намудан ба шаҳри Истраи вилояти Москваи Федератсияи Россия бурда, дар давраи аз 13-уми сентябри то 15-уми декабри соли 2025, дар ширкати сохтмонии «Стройград» ғайриқонунӣ бо корҳои сохтмонӣ ҷалб намуда 75 ҳазор рубли русӣ маъоши ҷабрдидаро бо роҳи фиреб ба даст овардааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 иловаи 2 моддаи 335 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешаки идома дорад. 

30.01.2026 8:36
44