Дастгир гардидани ду ноболиғ бо гумони дуздӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ноболиғи 16-солаи сокинони шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон моҳи декабри соли 2025, дар ҳудуди бозори марказии шаҳри Истаравшан қарор дошта, аз мағозаи зани 47-солаи сокини шаҳри мазкур маблағи 8 ҳазор сомонӣ ва 2-адад телефонҳои мобилии гуногунтамға, ки арзишашон 2 ҳазору 800-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


















