ВАТАН ҲАМ ҶОНУ ҲАМ ҶОНОНИ МАН АСТ!
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз зумраи ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба шумор мерафт, баробари рӯ ба завол ниҳодани ин мамлакати паҳновар ба гирдоби кашмакашиҳои сиёсӣ гирифтор гардид ва оқибат сартосари ҷумҳуриро буҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ фаро гирифт. Дар ниҳоят кор ба ҷое расид, ки дар кишвари азизи мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шуруъ гардид. Дар он шабу рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии давлати миллӣ афроду гурӯҳҳои манфиатхоҳ аз ваъзияти баамаломада ба манфиати шахсиву гурӯҳии хеш истифода намуда, дар бисёр ҳолатҳо ҳатто худ фаҳмидаву нафаҳмида зери таъсири хоҷагони хориҷиашон ғайримустақил супоришҳои онҳоро иҷро менамуданд. Дар натиҷаи ин кашмакашиҳо дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, Тоҷикистон на танҳо аз мероси боқимондаи собиқ Шуравӣ чизе ба худ нагирифт, балки дуздону ғоратгарон тамоми моликияти давлатӣ ва дар бисёр ҳолатҳо моликияти мардумро низ ба яғмо бурданд. Дар чунин вазъият дигар касе ба ояндаи неки на худу хонадонаш ва на ҷамъияту давлат умед надошт. Қисмате аз мардум гурезаву парешон ва боқимонда дар ҳифзи ҷон буданд. Ана дар ҳамин гуна рӯзҳои навмедӣ Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар рафти он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолият ба сифати Роҳбари давлати ноамну парешонгашта, корро аз созишу сулҳ оғоз намуда, бо сафар намудан ба минтақаҳои ҷангзадаи кишвар бо мардуми ноумедгашта суҳбату вохӯриҳо гузаронида, дар қалби ҳар яке аз онҳо шуълаи умед ба ояндаи некро бедор мекарданд.
«Ман ба хиради азалии мардуми тоҷик такя намуда ва ба шумо сулҳ меорам. То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, ҳеҷ гоҳ худро ором ҳис карда наметавонам».
Ин суханоне буданд, ки дар рӯзҳои аввали роҳбарии ин Сарвари дурандешу некбин аз забони ӯ садо медоданд.
Ҳамаи ин ҷаҳду талошҳои хастагинопазир дар ниҳоят сабаб шуданд, ки фазои Тоҷикистон ором гардиду мардумонаш пайи зиндагии осудаҳолона дар атрофи Пешвои маҳбуби худ камари ҳиммат бастанд.
Инак, насли имрӯза самараи заҳмату шабзиндадориҳои он давронро дар замони ҳозира бо чашми сар дидаву аз фазои орому осоиштаи сарзамини аҷдодӣ озодона нафас мекашанд.
Тадриҷан иқтисоди Тоҷикистони соҳибистиқлол пешрафт карду шароити рӯзгори мардум низ беҳ гардид. Имрӯз миллати тоҷик таҳти сарварии Роҳбари давлати худ дар як муддати кӯтоҳ аз вартаи нобудӣ вораста, ба сӯйи ободкориҳо ва ояндаи дурахшон собитқадамона пеш рафта истодаанд.
Имрӯз мо - ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ, шукрона аз он мекунем, ки дар чунин Ватани биҳиштосо кору фаъолият ва умр ба сам мебарем. Чун мо - ҷавонон дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият менамоем, ёдовар шудан ба маврид аст, ки ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар низ дар ҳифзи марзу буми ин Ватан қарор дошта, родмардони ин сохтор дар барқароркунии сохти конститутсионӣ нақши калон бозидаанд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки ин хизматҳо аз тарафи роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ва ВКД мавриди таваҷҷуҳу дастгирии пайваста қарор доранд.
Ҷавобан ба ин ғамхориҳо мо пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки барои шукуфоии Тоҷикистони азиз софдилона ба халқу Ватан хизмат намоем ва агар лозим шавад, ба баҳои ҷон онро аз душманон ҳифз кунем.
Бобозода Б.А.,
сардори сикли тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонии
Маркази таълимии ВКД ҶТ,
майори милитсия

















