Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПАЁМ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА РОҲНАМОИ ЗИНДАГИИ СОКИНОНИ МАМЛАКАТ

 Насуриён Пулод Асадулло, 
сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ., дотсент, генерал-майори милитсия

Дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии кишвар, Паём ҳамчун барномаи рӯзгор, таҷассумкунандаи ҳикмати давлатдории миллӣ, фишанги доимамалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа баромад намуда, амалӣ гардидани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрӯзу фардо ва пеш аз ҳама мутобиқ ба талаботи замон, инчунин дар ҳамбастагӣ бо ин, роҳу усулҳои муосирро баёну тарҳрезӣ ва пешниҳод менамояд. Дар ин ҷода Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун мақомоти босалоҳияти давлатӣ баҳри иҷрои вазифаҳои муҳимму масъулиятнок, ки дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ гузошта шудаанд, Нақша-чорабинӣ таҳия намуда, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани талаботи меъёрҳои Паём, кору фаъолияти хешро ба роҳ монда,  амалӣ менамояд.
Тибқи мафҳуми умумиэътирофшудаи Паёми Президент ба парламент – яке аз шаклҳои муҳимми ҳамкории Сарвари давлат ва мақомоти намояндагии умумимиллӣ мебошад. Паём, тибқи қоида, ин ҳисоботи расмии солона, ки ба вазъи давлат ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат аст. Ироаи Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ ин нафақат ҳуқуқ, балки уҳдадорӣ низ мебошад. Аслан, он аз ҷониби Президент шахсан дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Олӣ (агар аз ду палата иборат бошад) баён мегардад, ки аксар вақт дар тамоми ҳудуди мамлакат тариқи расонаҳои хабарӣ пахш мешавад. Чунин намуди пешниҳоди маълумот ба ҷумҳуриҳои президентӣ хос мебошад, ки Президент ҳамзамон роҳбари Ҳукумат ба ҳисоб меравад (Раҳимзода Р.Ҳ. Тафсири Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ: моҳият ва самтҳои асосии он аз 26 декабри соли 2019. Душанбе: «Ирфон» 2020. С.96)
Паём, ҳуҷҷати муайянкунандаи сиёсати дохиливу хориҷии давлат аст. Дар он ба таври возеҳ натиҷаҳои бадастовардаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи муайян, рафти амалигардии барномаву стратегияҳои давлатӣ, ҳадафу мақсадҳои гузоштаи давлат ироа гардида, инчунин, мақсаду вазифаҳои мушаххаси стратегӣ барои рушди минбаъда таҷассум меёбанд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми халқи кишвар ва сокинони мамлакатро аз ҳадафу мақсадҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огаҳ месозад. Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ имкон фароҳам меорад, ки фарҳанги давлатдориву давлатсолории ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон баланд гардада, мояи худогоҳиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва садоқату самимияти ҳар як фарди тоҷик ва Тоҷикистониён мебошад.
Бояд иброз намуд, ки Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро натанҳо тамоми шаҳрвандони кишвар, балки шаҳрвандоне, ки берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ буду боши доимӣ доранд, тамошо менамоянд.
Дар низоми давлатдории миллӣ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Ин аст, ки на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми сокинони мамлакат, гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд.
Арзишмандии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он ифода мегардад, ки он саршор аз садоқат, матонат, самимият, меҳру муҳаббат ба ватану ватандорӣ ва волоияти муносибати самимонаи байниҳамдигарии шахс, ки пайваста ғамхориву таваҷҷуҳи хосаро талаб менамояд, инъикос мегардад. Дарки амиқи Паём шаҳодат аз он медиҳад, ки он пурра ба ҳадафҳои олии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд, равона шудааст. Бо боварии комил метавон иброз намуд, ки ин ҳадафҳои олии кишвар моро ба сӯйи муваффақиятҳои беназир роҳнамоӣ менамояд.
Хурсандиовар аст, ки дар рафти ироаи Паёми Пешвои муаззами миллат натанҳо намояндагони халқи Тоҷикистон – узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар шаҳрвандони даъватгардида, инчунин намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун меҳмонони олиқадр иштирок намуданд. Ин яке аз нишонаҳои давлатдории демократӣ аст. Зеро, тамоми бурду бохт, дастовардҳои назаррас ва камбудиву норасоиҳо ба таври ошкоро ироа гардида, мавқеи Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ ба таври мушаххас иброз мегардад. Тоҷикистон бо ин роҳ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот намудааст, ки кишвари мо барои тамоми ҳамкориҳои судманд ва сулҳҷӯёна омода мебошад. Аз ҷониби дигар, чунин усули ироаи Паём нишона ва заминаи асосии сиёсати дарҳои боз аст.
Маҳз чунин сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи махсусро ишғол намудааст. Айни ҳол мавқеи Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон шарафмандона ҷонибдорӣ мегарданд. Мисоли равшан ин аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф кардааст, ки Сарвари давлати Тоҷикистон ташаббускори иқдомҳои бузург мебошад. 
Паёми Пешвои муаззами миллат дар рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятии мамлакат нақши муҳим дорад. Матни Паём бояд маводи рӯйимизии ҳар як хизматчии давлатӣ ва ҳар як фарди худогоҳи миллат бошад. Муҳтавои он ҳамчун ҳуҷҷати олии сиёсӣ бояд аз ҷониби ҳар фарди ҷомеа дарк гардида, моҳият ва мазмуни он ба тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон расонида шавад.
Ироа гардидани Паём аз ҷониби Роҳбари давлати Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакат, дар асл тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи Тоҷикистон аст. 
Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ, дорои хусусиятҳои хоси худ мебошад. Чунки Паём дар шароити таърихие ирсол гардид, ки Тоҷикистони азизи мо дар остонаи таҷлили муҳимтарин ҷашни миллӣ, 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии хеш қарор дорад. Албатта, дар сатҳи баланди сиёсӣ пешвоз гирифтани ин маъракаи муҳим ва тақдирсози миллат аз ҳар як сокини Тоҷикистони биҳиштосо, бахусус мо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъулият баланди касбиву шаҳрвандӣ, худшиносиву худогоҳӣ, садоқату самимият ва ҳифзи истиқлолу озодиро талаб менамояд.
Мо ҳамагон шоҳиди он шудем, ки Паёми имсола барномаи мукаммали таҳлили дастоварди даҳ соли охир, яъне натиҷаи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишварро фаро гирифта, стратегияи рушди Тоҷикистонро дар марҳалаи навин ба таври возеҳ инъикос менамояд.
Дар зарфи 34 соли замони Истиқлоли давлатӣ бо шарофати заҳматҳои Роҳбари хирадманд кишвар, раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат, новобаста аз мушкилиҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳадафмандона амалӣ мегарданд. Дар ин бобат доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Р.Ҳ. Раҳимзода дуруст иброз менамояд, ки Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ ягона кишваре буд, ки баъди пошхӯрии ин давлати абарқудрат ва ба истиқлоли давлатӣ расидан, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуда, ба шароити ниҳоят сангини буҳронҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар ин шароит фарде, ки масъулияти роҳбарии сиёсиро ба уҳда мегирифт, ҳамчун шахси ҷасуру нотарс ва далеру шуҷоатманд дастоварди бузурги миллат ба ҳисоб мерафт. Дар тақдири давлату миллати тоҷик чунин шахсият рӯи майдони сиёсат омад, ки ин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд (Раҳимзода Р.Ҳ. Паёми Пешвои миллат муҳимтарин омили таҳкими низоми сиёсӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ / Ҷумҳурият. 29.12.2025, № 249-250).
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд: «Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид».
Президенти мамлакат ба яке аз масъалаҳои муҳим дар соли 2025, бобати интихоботи вакилони мардумӣ, ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, имзои шартнома дар бораи муайян кардани хати сарҳади байни ду давлат, шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се давлат ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ёдоварӣ намуданд, ки бешак ин дастовардҳои муҳим аз ташаббусҳои беназири роҳбарияти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, барои таъмини сулҳу субот дар минтақа нақши арзанда доранд.
Бо ифтихору сарфарозӣ метавон иброз намуд, ки соли равон низ иқдому ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат боиси боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардиданд. Баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо барои амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», қабули қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ», қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» намунаи равшани ташаббусҳои Роҳбари давлати Тоҷикистон мебошанд, ки ин масъалаҳо дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ махсусан таъкид гардиданд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад».
Бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва солҳои 2025-2034 – Даҳсолаи илмҳои криосфера, ҷойгоҳи Тоҷикистонро ҳамчун пешоҳанги «дипломатияи илмӣ» таҳким бахшида, масъалаҳои обу иқлимро аз сатҳи маҳаллӣ ба арсаи ҷаҳонӣ баровард ва кишвари моро тадриҷан ба маркази ташаббусҳои байналмилалии вобаста ба иқлим табдил медиҳад. 
Зеҳни сунъӣ яке аз самтҳои муҳимми рушди технологияҳои муосир ба шумор рафта, метавонад роҳи рушди кишварҳоро куллан тағйир диҳад. Осиёи Марказӣ дорои захираҳои табиӣ ва имконоти бузург буда, ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, татбиқи технологияи зеҳни сунъӣ метавонад ба рушди устувор ва рақобатпазирии минтақа ёрӣ расонад. Дар ин замина, қатъномаи махсусе, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, ба таҳкими иқдомҳо ва ҳамоҳангсозии механизмҳои татбиқи зеҳни сунъӣ бо ҳадафи ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар минтақа равона карда шудааст.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки ташаббуси мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ 24-уми сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд, 25-уми июли соли 2025 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ  якдилона пазируфта шуд.
Таъмини бехатарӣ ва устувории зеҳни сунъӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар корбурд ва баҳрабардорӣ аз он мебошад. Бехатарӣ маънои ҳифзи маълумот ва пешгирии истифодаи нодурусти технологияи зеҳни сунъиро дорад, ки бояд бо меъёрҳои қавии амниятӣ таъмин гардад. Устуворӣ бошад, қобилияти мутобиқ шудан ва рушди системаҳои зеҳни сунъиро дар муҳитҳои тағйирёбанда ифода мекунад. Ҳамчунин, татбиқи меъёрҳои этикӣ ва ҳуқуқии истифодаи зеҳни сунъӣ дар минтақа маънои эътимод ва посухгӯи талаботи ҷорӣ ва ояндаи ҷомеаро дорад. Бо назардошти таҳдидҳои киберӣ ва хатарҳои нав, таъмини бехатарӣ ва устувории системаи зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ аҳаммияти стратегӣ дорад. Ба ҳамин хотир, қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст,  ба бехатарӣ ва устовурии зеҳни сунъӣ таъкид мешавад (Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ / Сомонаи расмии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Суроғаи дастрасӣ: [url]https://cs.gov.tj/na

22.01.2026 11:43
41