Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКАДЕМИЯИ ВКД – БОРГОҲИ ОМОДАСОЗИИ КАДРҲОИ БАЛАНДИХТИСОС 


 Насуриён Пулод Асадулло, 
сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ., дотсент, генерал-майори милитсия
Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, боргоҳи омодасозии кадрҳои баландихтисоси мақомоти корҳои дохилӣ ва ниёзи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, ҳамқадами замони истиқлоли кишвар мебошад. 
34 сол муқаддам, санаи 23-юми декабри соли 1991 қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил додани Мактаби олии Душанбегии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон» таҳти № 372 қабул гардид, ки он маҳз барои таъмин намудани мақомоти корҳои дохилӣ бо мутахассисони ин соҳа равона гардида буд. 
Вазъияти ибтидои солҳои истиқлоли кишвар, бо вуҷуди печидагиҳо  ва дурнамои номуайян, алалхусус мавҷудияти буҳрони кадрӣ, зарурати омода намудани кадрҳои миллиро барои ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, хосатан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тақозо намуд. Маҳз ҳамин заминаву омилҳо  роҳбарияти ҷумҳуриро водор намуданд, ки ба таъсиси Мактаби олии Вазорати корҳои дохилӣ ва минбаъд дар таърихи 30 декабри соли 2000-ум табдил намудани он бо номи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иқдом намоянд. 
Албатта, гузашти солҳо собит намуд, ки  иқдоми Ҳукумати кишвар, саривақтӣ ва дурандешона будааст.
Дар ин асос, яке аз вазифаҳои муҳимме, ки дар назди Академияи Вазорати корҳои дохилӣ гузошта шудааст, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯи талаботи имрӯзи ҷомеа буда, раванди таълим, пешбурди корҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, тарбиявӣ ва робитаҳои байналмиллалӣ аз афзалиятҳои самти фаъолияти он маҳсуб меёбанд.
Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, дар як давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ мушкилиҳои зиёдеро пушти сар намуда, роҳи пуршараферо тай карда, имрӯз ба як маркази пурқуввати таълимӣ ва илмӣ табдил ёфтааст. 
Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз давраи таъсисёбӣ то ба имрӯз шахсиятҳои кордону пуртаҷриба, дилсузу баландрутбаи мақомоти корҳои дохилӣ  роҳбарӣ намудаанд, ки албатта таҷрибаи андӯхтаи онҳо дар самти омода намудани мутахассисон, раҳнамои имрӯзу ояндаи касби пуршарафи мо мебошанд. 
Давлату Ҳукумати кишвар, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин марҳилаи ташаккулёбии истиқлоли давлатӣ ба рушди соҳаи илму маориф, бахусус тарбияи кадрҳо дар самти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва соҳаҳои низомӣ аҳаммияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд.
Мисоли равшани суханони мазкур, панҷ маротиба ташриф овардани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Академияи ВКД, инчунин баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ин даргоҳи муқаддас дар соли 2017, сохта ба истифода дода шудани маҷмааи нави Академияи ВКД ва бинои нави таълимии факултети №4-ум дар шаҳри Хуҷанд, инчунин таъмини шароити муосири таълим мебошанд. 
Айни замон, Академия аз рӯи ихтисосҳои зерин: «Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ», «Ҳуқуқшиносӣ», «Бехатарӣ аз сӯхтор», «Идоракунии Қӯшунҳои дохилӣ» ва азнавтайёркунию такмили ихтисоси мутахассисон, амалӣ менамояд. 
Ҳамзамон, вобаста ба талабот ва эҳтиёҷоти мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар заминаи ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ омодасозии мутахассисон аз рӯи самтҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, назорати маводи нашъадор ва назорати давлатии мубориза ба коррупсия тибқи стандартҳои давлатӣ аз ташхис гузашта, мутобиқи онҳо ҷараёни таълиму тарбия сурат мегирад.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳайати профессорону омӯзгорони Академия дар самти фаъолияти илмию тадқиқотӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Самаранокии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ сол ба сол хубтар мегарданд. Ҳамаи ин комёбиву муваффақият дар самти иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки таваҷҷуҳ ба корҳои илмӣ, ки омили асосии рушду тараққиёти ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ мебошад, сол то сол дар ҳоли густариш аст. Дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаи маориф ва илм аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, ба пешрафту самаранок гардидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар Академия мусоидат намуда истодааст.
Тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти  Академияи ВКД маҳсуб меёбад, ки ин раванд сол то сол тавассути шуъбаи адъюнктура ва муассисаҳои олии дохиливу хориҷӣ густариш пайдо намуда, барои пешрафти фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД мусоидат менамояд. 
Имрӯз дар 6 факултети  Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 43 олимони дараҷаи унвонҳои илмидошта, аз ҷумла 3 доктори илм, профессорҳо ва 40 нафар номзади илм, дотсентон, Ҳуқуқшиносони шоистаи Тоҷикистон, Кормандони шоистаи Тоҷикистон, аълочиёни маориф ва илми  ҷумҳурӣ,  кормандони  фахрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба тадқиқоти илмӣ ва таълиму тарбияи шогирдон фаро гирифта шудаанд.
Ҳайати профессорон ва омӯзгорон дар 7 самт оид ба масъалаҳои мубрами илм ва амалияи фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ва 4 мавзуъҳои илмии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда корҳои тадқиқотиро анҷом медиҳанд.
Инчунин, дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои дифои рисолаҳои илмӣ аз рӯйи ихтисосҳои 12.00.11 - Фаъолияти судӣ, фаъолияти прокурорӣ, фаъолияти ҳимояи ҳуқуқ ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ва 12.00.12 - Криминалистика; фаъолияти судӣ-экспертӣ; фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ амал менамояд, ки дар самти омодасозии кадрҳои соҳа дастоварди беҳтарин ҳисоб меёбад. 
Ба доираи маҷаллаҳои илмии Низоми Россиягии иқтибосоварии илмӣ (РИНТ) ворид  гардидани маҷалаи илмии  «Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Маҷаллаи илмии Пайки оперативӣ” ва аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудани маҷаллаи илмии "Паёми Академияи ВКД" комёбии дигари Академия мебошад. 
Ғайр аз ин, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, инчунин пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, олимону мутахассисон аз дигар донишгоҳу донишкадаҳо, вазорату идораҳо ва институтҳои илмӣ-тадқиқотии кишвар ба сифати ҳамкор ҷалб карда шудаанд, ки яке аз онҳо олими шинохтаи кишвар, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия  Раҳимзода  Рамазон Ҳамро мебошанд. Фаъолияти омӯзгории Вазири муҳтарам барои Академия мояи ифтихор буда, далели таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди омода намудани кадрҳои ояндасози  кишвар мебошад.
Ҳамзамон, бо мақсади омода намудани кадрҳои соҳа, алалхусус кадрҳои илмӣ ва илмӣ педагогӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ҳамкориҳои худро бо бонуфузтарин муассисаҳои олии касбии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, алалхусус Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Беларусия, Туркия, Эрон, Қазоқистон, Узбекистон ва дигар кишварҳо, ба роҳ мондааст. 
Натиҷаи чунин ҳамкориҳо мебошанд, ки танҳо дар соли 2025,  14 нафар рисолаҳои докторӣ ва номзадии хешро бо муваффақият дифоъ намудаанд. Дар нимсолаи аввали соли 2026 бошад, ҳимояи 7 нафар омӯзгорони Академияи ВКД – 1 нафар рисолаи докторӣ ва 6 нафари дигар рисолаи номзадӣ дар назар дошта шудааст.
Самти дигаре, ки дар Академияи ВКД ба он диққати махсус равона гардидааст, тадбиқи стратегияҳои миллӣ, барномаву консепсияҳо ва Нақшаҳои милливу санадҳои Ҳукуматӣ мебошанд. Ҳоло дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7-адад Стратегияҳои миллӣ, 10-адад Барномаҳо, 2-адад Консепсияҳо,  4 - Нақшаҳои миллӣ ва санадҳои муҳимми ҳукуматӣ давра ба давра амалӣ мегарданд.
 Корҳои тарбиявӣ аз муҳимтарин бахши фаъолият дар низоми таҳсилоти олии касбӣ ҳисоб ёфта, ҷанбаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогиро доро мебошанд. Он ҳамчун фаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои рушди шахс ва ворид шудани он ба ҷараёни зиндагии воқеӣ ва бунёди ҳаёти маданӣ равона карда мешавад.
Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касбӣ самти корҳои тарбиявиро дар фаъолияти худ авлавият дода, барои тарбияи кардҳои дорои ҷаҳонбинии васеъ ва  ахлоқи баланди миллӣ пайваста талош меварзад. 
Тарбияи миллӣ, дар замири шунавандагону курсантон сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, инсондӯстӣ, садоқат ба касбу савганд, мавқеи шаҳрвандӣ, ташаббускорӣ ва амсоли инро ташаккул медиҳад. Чунин мутахассисони ояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омодаанд, ки дар пояи ҳифзи манфиатҳои миллӣ амал намуда, нисбати зуҳуроти манфии ҷомеа муқовимат намоянд, Ватани хешро дӯст доранд ва манфиатҳои онро ҳимоя намоянд, ҳамчун соҳиби тафаккури давлатӣ ва посдори тамаддуни миллӣ дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд.
Масъалаи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва садоқат ба касбу савганд яке аз мавзуъҳои муҳим ба ҳисоб рафта, таҳлили ҳамаҷонибаи он омили асосии тақвияти ҳисси ватандустӣ ва шинохти арзишҳои милливу давлатӣ мебошад. 
Аз ин лиҳоз, дар чунин даврони ҳассоси таърихӣ, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ бо суръати бесобиқа пеш мераванд ва дар баробари ҷанбаҳои мусбӣ, зуҳуроти манфиро низ пеш меоранд, маҳз ватандӯстӣ метавонад дар муқобили чунин зуҳуроти номатлуби ҷомеа, хосатан терроризм ва ифротгароӣ баромада, ба қувваи муҳофизатии ватану таърихи он ва рӯҳияи шикастнопазири миллат табдил ёбад.
Дар муқобили терроризм ва ифротгароӣ мо аз ватандӯстӣ дида ягон қувваи дигареро болотар қайд намудан наметавонем. Чунки, маҳз тақвияти ҳисси ватандӯстӣ тафаккури оштинопазирро бар зидди бегонапарастиву даҳшатафканӣ бавуҷуд меоварад. 
Роҳандозии чунин корҳои тарбиявӣ, алалхусус тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, аз муҳимтарин бахши фаъолият дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб меёбад.
Механизми тадбиқи корҳои тарбиявӣ дар Академияи ВКД тибқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи ин бахш, стандартҳои давлатии таълимӣ, стратегияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои таълимӣ роҳандозӣ намуда, аз фаъолияти созмон ва шуроҳои ҷамъиятӣ, бахусус Шурои кураторон, ки ҳайати профессорон ва омӯзгорони ботаҷрибаро фаро мегирад васеъ истифода менамояд.
Омӯзиши масъалаи мазкур дар шароити кунунии болоравии раванди ҷаҳонишавӣ, ворид гардидани анъанаву суннатҳои бегона, хосатан дар байни ҷавонон ва умуман ҷомеа, имконият медиҳад, ки воқеияти арзиши Ватан, давлат ва миллат амиқан омӯхта шаванд. 
Қайд намудан зарур аст, ки яке аз нуктаҳои хос, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Паёми хеш ба мақоми Олии қонунгузори кишвар аз санаи 28-уми декабри соли 2024 иброз намуданд, масъалаи омодасозии кадрҳои ҷавобгӯи талаботи муосир, бахус кадрҳои ниёзи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
 Вобаста ба ин, зикр намуданд, ки «…ба масъалаҳои омода кардани мутахассисони ба талаботи шароити муосир ҷавобгӯй барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи онҳо, инчунин, таҳкиму тақвияти пояҳои моддиву техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ минбаъд низ эътибори аввалиндараҷа дода мешавад.
Чунин таъкидҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаҳои таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарфи назар аз шакли таъйиноташон, бахусус мо роҳбарият ва ҳайати шахсии муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ, марказҳои таълимӣ, кафедраҳои такмили ихтисос ва дигар субъектони омодасозии кадриро водор месозанд, ки оид ба масъалаи мазкур чораҳои мушаххас андешида шаванд.
Академияи ВКД низ чун муассисаи олии таълимӣ, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии шунавандагону курсантон чораҳои мушаххас андешида, дар самти рушди илм, бахши таълим, робитаҳои байналмилалӣ, табодули таҷриба, робитаи назария бо амалия, таъсиси кафедраҳои нав, ташкили ихтисосҳо ва дигар чунин чорабиниҳо амалӣ карда мешаванд.
Тадқиқотҳои бузурги илмӣ, фаъолияти босамари илмӣ, таҳияи китобҳои дарсӣ, монографияҳо, дастуру воситаҳои таълимӣ-методӣ, пешниҳодҳо оид ба такмили қонунгузорӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии идоравӣ, фаъолияти амалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, конференсияҳои илмии сатҳи байналмиллалӣ, ҷумҳуриявӣ, мизҳои мудаввар, нишасту ҳамоишҳои илмӣ ва умуман ҳамкориҳои байналмилалӣ аз шукӯҳу шаҳомат, мақоми баланд ва рушди босуботу эътибори ин муассисаи олии таълимӣ дарак медиҳад. 
Шароити мусоиди таълим, фарогирии олимону мутахассисони соҳа ба ҷараёни таълим, мавҷудияти инфросохтори ҷавобгӯй ба талабот имкон фароҳам овардааст, ки курсантони Академияи ВКД ба дастовардҳои назаррас соҳиб гарданд. Иштироки курсантони Академия дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фаннӣ, мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, гузаштҳои тантанавии низомӣ ва сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидани онҳо аз баракати истиқлол, ғамхориҳои Сарвари давлат ва дастгириҳои роҳбарияти вазорат мебошад.  
Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун муассисаи олии таълимӣ тибқи талаботи барномаи рушди муассисаи мазкур, дурнамои худро муайян намуда,  иқтидори кадрӣ, илмӣ ва таълимии он тақвият меёбад. Чунин дидгоҳ, яъне зарурати дар сатҳи ҷавобгӯи талаботи муосир омодасозии кадрҳо, инчунин аз лиҳози таъсиси сохторҳои таркибӣ, бахусус факултетҳо, марказҳои илмӣ, таҳлилӣ ва ташкили ихтисосҳои муосир, мукаммалсозии базаи таълимӣ ба мақоми донишкада ва минбаъд донишгоҳ мубаддал гардонидани Академияи ВКД мусоидат хоҳад кард. 

22.01.2026 11:40
177