Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани кирдорҳои қаллобӣ бо истифода аз боварӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои опертивӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 33-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, охирҳои соли 2024 ҳангоми дар Федератсияи Россия қарор доштанаш бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини шаҳри Ваҳдат даромада, барои рушди соҳибкорӣ 2 милиону 300 ҳазор рубли русиро дар ду марҳила гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои опертивӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе, 2-юми ноябри соли 2025, бо роҳи фиреб ба боварии марди 27-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи «БМВ-520» ба маблағи 20 ҳазор доллари амрикоӣ ғайринақди ба муҳлати 15-рӯз гирифта, автомашинаи мазкурро ба маблағи 132 ҳазор сомонӣ фурухта, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

28.01.2026 8:58
26