Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ду ҳолати дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 54-солаи сокини ноҳияи М.Ҳамадонӣ муроҷиат намудааст, ки 26-уми январи соли 2026, тахминан соати 20:30-дақиқа, шахсони номаълум аз назди маркази савдои “Пайкар”, воқеъ дар кӯчаи Борбади ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, як адад дучархаи барқиаш, ки арзишаш 6 ҳазору 110-сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. 
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Восеъ содир намудааст. 
Инчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аризаи ҷаврни 22-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки 18-уми январи соли 2026, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз онҷо ду ҷуфт гушвори тиллоӣ, ки арзишаш 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Душанбе содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

28.01.2026 8:57
24