Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дарси кушоди намунавӣ дар самти омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ барои хонандагон

Шуъбаи БДА вилояти Суғд нақшаи кориеро тартиб додааст, ки тибқи талаботи он дар муассисаҳои таълимӣ дарсҳои кушоди намунавӣ дар самти омӯзиши қоидаҳои ҳаракт дар роҳ гузаронида мешавад. Ин ташаббус бо мақсади таъмини амнияту бехатарии хонандагон ҳамчун иштиркчиёни ҳаракат  ва  баланд бардоштани дониши онҳо дар самти риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар якҷояги бо масъулини соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст. Ҳафтаи равон бо иштироки намояндаи ШБДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар МТМУ №1 ноҳияи Зафаробод ҳамингуна машғулияти таълимӣ баргузор гашт. Огоҳӣ аз қоидаҳои ҳаракати роҳ ва донишҳои назариявии хонандагони синфи 4 муассисаи таълимиро, ки дар ҷараёни дарси кушод манзур гардид волидайни онҳо низ назорат карданд. 
Гуфтан ба маврид аст, ки дар айёми кӯдакӣ огоҳ кардани насли наврас ба қоидаҳои ҳаракат ва шиносоӣ бо аломатҳои роҳ заминаеро фароҳам меорад, ки дар оянда онҳо аз иштирокчиёни боинтизом ва риоякунандаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бошанд.  
Дар ҷараёни дарси кушоди намунавӣ ҳаргуна машғулиятҳои тарбиявӣ ташкил карда шуда, сатҳи огоҳии хонандагон вобаста ба аломатҳои роҳ ва қоидаҳои бехтарии ҳаракат аз тарафи омӯзгор санҷида  шуд. Наврасон бо омодагии хуб дарси кушоди намунавиро намоиш доданд. Ташкили аёният, шиору овезаҳои огоҳкунанда, намоиши саҳнаҳои тарбиявӣ ва фаъолнокии хонандагон гувоҳи аз омодагии онҳо ба дарси кушод буд.
Дар хотима бо маърӯзаи тавсиявӣ масъулини БДА баромад намуда ташкили чунин чорабиниҳоро заминаи огоҳшавии хонандагон ба талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ таъкид доштанд. Чунин чорабиниҳо тибқи нақшаи дар ШБДА вилояти Суғд тартиб дода шуда дар мактаб ва муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида мешаванд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

29.01.2026 15:37
67