Ошкор шудани ҳолатҳои қаллобӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда бо роҳи фиреб ба боварии марди 47-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ дар давоми моҳи майи соли 2025 маблағи 50 ҳазор сомонӣ, моҳҳои июн-июли соли 2025 маблағи 450 ҳазор сомонӣ ва моҳи ноябри соли 2025 маблағи 50 ҳазор доллари амрикоӣ бо баҳонаи ҷалб кардани ҷабрдида ба ҳайси шарики тиҷоратии худ, дар мавриди муомилоти маводҳои доруворӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда ба боварии намояндаи ширкати ҶДММ “Сифати Аср”, марди 46-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, дар шаҳри Ҳисор назди бинои “Ҳисор Плаза” вохӯрда, худро заминдори калон дар ноҳияи Кӯшониён муаррифӣ намуда, аз ҷабрдида 180 тонна нуриҳои менералии “Нетроамафос”, “Карбонит”, “Амафос”-ро ба маблағи 1 миллиону 390 ҳазору 500 сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки то охирҳои моҳи августи соли 2025 маблағашро пардохт мекунад.
Аммо то ҳол маблағашро надода, ӯро фиреб карда гаштааст.
Ҳамзамон дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини ноҳияи Панҷ бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аввалҳои моҳи октябри соли 2025 бо роҳи фиреб ба боварии марди 40-солаи сокини ноҳияи Данғара даромада, худро бо ному насаби сохта корманди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуда, 1-адад трактори тамғаи “МТЗ”-ро моҳи январи соли 2026 аз Ҷумҳурии Қазоқистон бо нархи арзону дастрас оварда медиҳам гуфта, аз ӯ 160 ҳазор сомониашро гирифта, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















