Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳолатҳои дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Фархор бо ариза марди 35-солаи сокини ноҳияи  мазкур муроҷиат намудааст, ки 15-уми январи соли 2026, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди хонаи истиқоматиаш, як адад мототсикли дучархаи барқиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, ки зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 50-солаи сокини ноҳияи Фархор, ки пеш бо қисми 1 моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст. 
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ аризаи зани 37-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи октябри соли 2025 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз онҷо 225 ҳазор рубли русӣ ва 2 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ду ҷавони 19-солаи сокинони ноҳияи А.Ҷомӣ содир намудаанд.
Ҳамин тариқ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини шаҳри Исфара ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 11-уми январи соли 2026, тахминан соати 16:00, дар ҳолати мастӣ дар нуқтаи фурӯши нӯшокиҳои спиртии ҶДММ Бозори марказӣ, воқеъ дар кӯчаи А.Ҷомии шаҳри Конибодом қарор дошта, аз ҷайби марди 41-солаи сокини шаҳри Исфара, бо роҳи пинҳонӣ 9 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Қодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

27.01.2026 8:19
29