Ба вуқӯъ пайвастани ду ҳодисаи нақлиётии марговар
25-уми январи соли 2026, тахминан соати 09:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Фронтера”, таҳти идораи Баёнов Исуфали Дилбарович, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Балҷувон, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Куҳаншаҳри деҳаи Ғулакзамини ноҳияи Балҷувон ба самти маркази ҳамин ноҳия омадан дар наздикии деҳаи Ғулакзарин бинобар сабаби боришоти барфи зиёд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 65-70 метр сарозер шудааст, ки дар натиҷа ронанда Баёнов И.Д. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дохили автомашинаи мазкур Зайналова Ҳуринисо Шамсидиновна, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Балҷувон, ки ҳамсари ронанда мебошад, Дилбарзода Фарзона Исуф, соли таваллудаш 2007, духтари ронанда ва Одиназода Шаҳриёр Рамазон, соли таваллудаш 2007, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.
25-уми январи соли 2026, тахминан соатҳои 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ҳабибов Муҳаммад Шералиевич, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб ба самти маркази шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Рокшен”, ки таҳти идораи ронанда Бухориев Носир Хисравович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ҳабибов М.Ш. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида мусофири дохили автомашинаи мазкур Давлатов Дороб Дониёрович, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Кӯлоб ва ронандаи автомашинаи тамғаи “Рокшен” Бухориев Н.Х. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
















