Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 21-уми январи соли 2026, тахминан соати 14:30-дақиқа, автомашинаи тамғаи «Хундай-Аванте», ки ба марди 52-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров тааллуқ дорад ва дар назди мағозаи хӯроквории «Неъматҷон», воқеъ дар маҳалаи 13-уми шаҳри Хуҷанд беназорат меистод, ғайриқонуни ҳай карда ба самти номаълум ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 252 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

26.01.2026 8:58
47