Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ҷавонзани 20-сола
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавонзани 20-солаи сокини шаҳри Панҷакент 14-уми январи соли 2026, тахминан соати 17:30-дақиқа, дар шаҳри Хуҷанд, зани 29-солаи сокини ноҳияи Аштро бо марди 31-солаи сокини шаҳри Хуҷанд барои алоқаи ҷинсӣ намудан шинос карда, бар ивазаш 1 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, аз он 1000 сомониашро ба зани 29-сола дода, боқимонда 500 сомониашро ҳамчун мукофотпулӣ гирифтааст. Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















