Ифшо шудани кирдори қаллобӣ бо истифода аз боварӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 40-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 1-уми ноябри соли 2025, бо маслиҳати пешакӣ бо марди 51-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба боварии марди 48-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, 420 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муддати 30 шабонарӯз ду адад автомашинаи барқии тамғаи “BYD STH LION”аз Ҷумҳурии Мардумии Чин оварда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашонро иҷро накарда, маблағи мазкурро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
















