Боздошт гардидани марди 30-сола бо ҷурми содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 18-уми январи соли 2026, тахминан соати 20:00, дар ҳолати мастӣ ҳангоми дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд қарор доштанаш бо марди 45-солаи сокини шаҳри Хуҷанд вохӯрда аз қафояш то паси бозорчаи маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд рафта, дар онҷо ҷабрдидаро мавриди лату кӯб қарор дода, бо истифодаи зӯроварӣ аз ӯ 850 сомонӣ ва 1-адад гӯшнавоз (наушник) тамғаи «Айподс», арзишаш 280 сомониро ошкоро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















