САҲМГУЗОРӢ ВА ХИЗМАТҲОИ СОДИҚОНАВУ СОФДИЛОНААШОН ДАР МАҚОМОТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ
- Обрӯю эътибор, таҷрибаи ҳаётӣ, обутоби ҳарбӣ ва қудрати ботинии собиқадорон бебаҳо буда, дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон, тайёр намудани онҳо ба хизмат дар сафҳои мақомоти милитсия ва хизмати ҳарбӣ, тарғибу ташвиқи таърихи милитсияи тоҷик бесобиқа аст, - иброз дошт муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Нозим Иброҳимзода дар ҷаласаи ҷамъбастии Созмони собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ, ки рӯзи 24 январи соли 2026 дар маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ доир гардид.
Нозим Иброҳимзода аз ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати собиқадорон ва дастгириву кумакҳои пайвастаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, инчунин, фаъолияти пурсамари созмон ва шуроҳои собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ, хизматҳои содиқонаи онҳо дар мақомот ва саҳми нафақахӯрону собиқадорони ин ниҳод дар тарбияи насли наврасу кормандони ҷавони милитсия суханронӣ намуда, қайд кард, ки собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ бо кору рафтор ва суханҳои пандомӯз дастгир ва роҳбалади боэътимоди кормандони ҷавон мебошанд.
Дар идома оид ба таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат, дастгириҳои мақомоти корҳои дохилӣ, бо табобату истироҳат фарогир шудану беҳтар гардидани сатҳи иҷтимоии нафақахӯрону собиқадорон, инчунин, нақши онҳо дар пешрафти фаъолияти мақомот ва тарбияи кадрҳои ҷавон сухан ронда, иброз дошт, ки “Шумо бештар аз дигарон бояд дар кори тарбияи ватандӯстӣ, хизматӣ ва ахлоқии ҷавонон ҳамкорӣ намоед ва дар баланд бардоштани тахассуси касбии кормандони ҷавон ҳаматарафа иштирок намоед. Дар навбати худ, роҳбарияти ВКД омода аст, ки барои амалӣ шудани ин ҳадафҳо тамоми имкониятҳоро барои шумо фароҳам созад ва дар пешрафти фаъолияти созмон ва шуроҳои собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намояд.
Дар идомаи чорабинӣ раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфии милитсия Ҷурахонзода Саид Қаюм аз дастгириҳои ҳамешагии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, фаъолияти пурсамари созмон ва шуроҳои собиқадорон дар соли сипаригардида, вохӯриву чорабиниҳои доирнамудаашон дар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, иштироки фаъолонаи нафақахӯрону собиқадорон дар чорабиниҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ суханронӣ намуда, афзуд, ки имрӯз дар Созмони Собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ 15077 нафар нафақахӯр ба қайд гирифта шудааст, ки дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ истиқомат доранд. Аз ҷумла, аз ин теъдод, 3069 нафарашон собиқадоронеанд, ки 25 сол ва зиёда аз он хизмат намудаанд ва 7772 нафари дигарашон нафақахӯронеанд, ки аз 25 сол кам хизмат намудаанд.
Мавсуф илова кард, ки Созмони собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД ҳамкории зичро ба роҳ монда, дар асоси нақшаи чорабиниҳои ВКД дар миёни ҳайати шахсии мақомот, хусусан, кормандони ҷавон суҳбату вохӯриҳо доир намуда, дар тарбияи ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, риояи одобу муошират бо сокинон, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо саҳми худро гузошта истодаанд.
Давоми соли 2025 517 маротиба бо иштироки Собиқадорони ВКД дар раёсатҳо ва шуъбаҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо ҳайати шахсӣ дар рӯзҳои таълимӣ ва вохӯрию баромадҳо гузаронида шуданд.
Ҳамзамон, мавсуф аз табобату дар осоишгоҳҳо ройгон ба истироҳат фарогир шудани собиқадорону нафақахӯрон, инчунин, дар арафаи ҳама гуна иду ҷашнвораҳо қадрдонӣ гардидани онҳо аз ҷониби роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ суханронӣ намуд.
Қайд карда шуд, ки вазъи саломатии собиқадорон ва нафақахӯрони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти ВКД ва Созмони собиқадорон қарор дорад. Давоми соли 2025 ба дармонгоҳи Раёсати тиббии ВКД 1635 нафар нафақахӯр бо табобат фарогир шуда, саломати худро барқарор намуданд. Инчунин, зиёда аз 130 нафар ба осоишгоҳҳои “Садбарг”-у “Шифо”-и ВКД ва осоишгоҳи ҷумҳуриявии “Зумрат”, “Шаҳамбарӣ”, “Хоҷа обигарм” бо табобату истироҳат фаро гирифта шудаанд.
Дар фарҷоми суханронии худ раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфии милитсия Саид Ҷурахонзода қайд намуд, ки “саҳми собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ барои омӯзонидани таҷрибаи бою ғании худ баҳри баланд бардоштани малакаи касбӣ дар миёни насли ҷавони мақомот хеле назаррас буда, бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари онҳо тамоми чораҳоро роҳандозӣ менамоянд”.
Дар идомаи ҷаласаи ҷамъбастӣ раисони шуроҳои собиқадорони РВКД-ҳо дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, инчунин, раисони шуроҳои собиқадорони ШВКД-ҳои ноҳияҳои тобеи марказ оид ба фаъолияти кории худ дар соли сипаригардида ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои соли равон баромадҳои пурмӯҳтаво намуданд.
Инчунин, дар кори ин ҷаласа муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД полковники милитсия Довудзода Сафаралӣ аз ҳамкориҳои Созмони собиқадорон ва нақши онҳо дар пешбурди самти фаъолият, тарбияи кадрҳои ҷавон баромад намуда, афзуд, ки маҳз кӯшишу заҳмат, ақлу фаросат, донишу таҷриба ва дилсӯзиву ҷонбозиҳои насли калонсоли ин ниҳодро имрӯз кормандони ҷавони милитсия шиори калидӣ ва муваффақиятҳо мешуморанд ва ҳар як амалу пайкори неки онҳоро меомӯзанду аз бар менамоянд.
Дар интиҳо як қатор собиқадорону нафақахӯрон барои хизматҳои содиқонаву софдилонаашон дар мақомоти корҳои дохилӣ, бо фармоиши Вазорати корҳои дохилӣ бо медали “Барои ҳамкорӣ” ва Ифтихорномаи фахрӣ қадрдонӣ шуданд.































