Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ду мусофир дар натиҷаи ҳодисаҳои нақлиётӣ

22-юми январи соли 2026, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Дустмуродов Санҷарбек Ҳусайнович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Н.Хусрав, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда воситаи нақлиёташ ба самти муқобил роҳ баромада, ба автомашинаи электромобили тамғаи “Нето У”, таҳти идораи Саидов Нуридин Ашурқулович, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Хуросон бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Менгбоев Джонибек Хушмуродович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Қубодиён ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
23-юми январи соли 2026, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Ҳамдамов Шуҳратҷон Шавкатович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душабе-Хуҷанд-Чанок» дар ҳудуди ноҳияи Спитамен аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа кардааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Облоназаров Худойберди Ҳайитбоевич, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Деваштич, аз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

24.01.2026 8:26
35