Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ бо гумони вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз моҳи майи соли 2025 то инҷониб дар коргоҳи равғанбарорӣ, пахтатозакунӣ ва осиёб, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Хуррамдиёри ноҳияи Дӯстӣ ба истеҳсолот машғул гардида, худсарона бе иҷозати ташкилоти таъминкунандаи барқ ба ноқилҳои барқӣ пайваст шуда, бидуни таҷҳизоти ҳисоби барқ аз стандартӣ давлатӣ гузашта, ғайриқонунӣ қувваи барқро дар коргоҳаш истифода бурда, бо ин кирдораш ба Шабакаи барқии ноҳияи Дӯстӣ зарари махсусан калон расонидааст.
Мувофиқи санади таҳлилии мутахассисони Раёсати Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гумонбаршаванда бо ин кирдори худ ба шабакаи барқи ноҳияи Дӯстӣ ба андозаи 188 ҳазору 455 сомонӣ зарари молу мулкӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 иловаи 1 моддаи 253 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳури Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















