Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян шудани ҳолати дуздии чорво

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ноҳияи Лахш ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 2-юми ноябри соли 2025, тахминан соати 17:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди ҷамоати деҳоти  Лахши болои ноҳияи мазкур як сар чорвои калони шохдорро, ки ба марди 42-солаи сокини ҳамин ноҳия тааллуқ дошт, дуздида ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ фурӯхта, маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

24.01.2026 8:16
18