Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИЗҲОРОТИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ШУРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

Мо, вазирони корҳои дохилии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои – аъзои ИДМ, изҳор менамоем:
Сӣ сол қабл, дар давраи тағйирёбиҳои ҷиддии геополитикӣ дар фазои пасошӯравӣ, ки ба он афзоиши бесобиқаи шумора ва хавфи иҷтимоии зуҳуроти ҷинояткорӣ хос буд, қарори Шурои сарони давлатҳои ИДМ оид ба таъсиси Шурои вазирони корҳои дохилӣ ба ташаккули заминаҳои ташкилии ҳамкории мутақобилан судманди давлатҳо аъзои Иттиҳод дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифз ва такмили робитаҳои таърихии фарҳангию ҳуқуқӣ, ки бар умумияти манфиатҳо, эътимоди мутақобила ва эҳтиром асос ёфтаанд, мусоидат намуд.
Дар ин давра Шуро корҳои зиёдеро анҷом дод, ки ба таъмини ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилӣ ва ҳамоҳангсозии саъю кӯшишҳои муштараки мақомоти салоҳиятдори ИДМ дар мубориза бо ҷинояткорӣ, инчунин ба татбиқи барномаҳои байнидавлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ равона гардидаанд.
Дар тӯли се даҳсола захираи назарраси таҷрибаи амалии корӣ ҷамъоварӣ шуд, ки он бо фаъолияти самараноки ҳар яке аз вазоратҳо таъмин мегардад.
Ҳамкории баробарҳуқуқ ва аз санҷиши замон гузаштаамон аҳамияти истисноии минбаъд муттаҳид сохтани талошҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷиҳати таъмини амният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои конститутсионии шаҳрвандони ҳамаи давлатҳои Иттиҳод нишон медиҳад.
Дар шароити вазъи мураккаби ҷиноятӣ зарур мешуморем, ки саъю кӯшишҳои муштаракро ба мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, инчунин истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо мақсадҳои ҷиноятӣ равона намоем.
Мо, вазирони корҳои дохилии кишварҳои  аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, изҳор менамоем, ки ният дорем ба ҳадафҳо ва принсипҳои ҳамкории зиддиҷиноятӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисии ИДМ муқаррар шудаанд, қатъиян пайравӣ намоем.
Тарафдории худро ба онҳо тасдиқ намуда, ҳамкории байнидавлатиро дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ дар доираи Шурои вазирони корҳои дохилӣ пайгирона рушд хоҳем дод, шаклу усулҳои фаъолияти онро ба хотири сулҳ, дӯстӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар кишварҳоямон такмил медиҳем.

23.01.2026 10:52
49