Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани як ҳолати муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 25-уми декабри соли 2025, тахминан соати 13:00, ҳангоми кофтукови шахси аз ӯ 15 қуттӣ ба миқдори 6 ҳазору 750-адад маҳсулоти тарконакҳои “Хлопушка” дарёфт ва мусодира карда шуд.
Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ маводи тарфгарии аз гумонбаршаванда гирифташуда, тарконакҳои пиротехникии навъи “Хлопушка” буда 6 ҳазору 750 ададро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо иловаи 1 моддаи 199 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

23.01.2026 8:43
22