Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздӣ дар шаҳрҳои Панҷакенту Исфара

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини  шаҳри Панҷакент ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 13-уми декабри соли 2025, тахминан соати 22:00, бо роҳи пинҳонӣ вориди оғилхонаи манзили истиқоматии марди 40-солаи сокини шаҳри Панҷакент шуда, як сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 54-солаи сокини шаҳри Исфара бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 18-уми январи соли 2026, тахминан соати 12:20-дақиқа, дар ҳолати мастӣ бо роҳи пинҳонӣ вориди ошхонаи «Зебо», воқеъ дар бозори марказии шаҳри Исфара шуда, аз онҷо як адад ҷузвдон, ки ба ҷавони 21-солаи сокини ҳамин шаҳр тааллуқ дошта дар дохилаш 1-адад компютери «Ноутбук» ва 2-адад флешкарта буд, онҳоро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 7 ҳазору 100 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

23.01.2026 8:39
18