Дастгир гардидани ҷавони 21-сола бо ҷурми ғоратгарӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи ҷавонзани 25-солаи сокини ноҳияи Ванҷ ворид гардидааст, ки тахминан соатҳои 23:20-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Назаршоеви ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қарор доштанаш шахси номаълум бо роҳи ошкоро як адад ҷувздонашро, ки дар дохилаш 500 сомонӣ, шиносномаи миллӣ ва 2-адад корти бонкиаш буд, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

















