Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолатҳои мардумфиребӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки моҳи сентябри соли 2025, ҳангоми дар кӯчаи М.Турсунзодаи ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе қорор доштанаш марди 39-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, автомашинаи тамғаи “Лексус ҶС-350” соли бароришаш 2020 ба маблағи 40 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати ду моҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағи мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 47-солаи сокини ноҳияи Панҷ, ки пеш бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, 17-уми октябри соли 2025, бо роҳи фиреб ба боварии марди 43-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён даромада худро бо ному насаби сохта “Каримов Давлат” корманди ширкати Агролизинги шаҳри Душанбе муаррифӣ намуда, аз ӯ 175 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки як адад трактори тамғаи “МТЗ-82” ва як адад трактори тамғаи “МТЗ-80” аз Ҷумҳурии Қазоқистон оварда медиҳад. 
Аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағҳои мазкурро ба манфиати шахсияш сарф намудааст.
Ҳамин тариқ гумонбаршаванда ба боварии марди 39-солаи сокини ноҳияи Вахш даромада, худро бо ному насаби сохта “Азизов Файзали” корманди ширкати Агролизинги шаҳри Душанбе муаррифӣ намуда, ваъда додааст, ки як адад трактори тамғаи “МТЗ-80”-ро аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба маблағи 172 ҳазор сомонӣ оварда медиҳад, нусхаҳои ҳуҷҷатҳои хоҷагии деҳқонияшро гирифта, дар ду ҳолат 86 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки аввалҳои моҳи январи соли 2026 тракторро оварда мерасонад.
Аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағи мазкурро ба манфиати шахсияш сарф намудааст.
Ҳамзамон гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ ба боварии марди 57-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён даромада, худро бо ному насаби сохта “Азизов Файзали” корманди ширкати Агролизинги шаҳри Душанбе муаррифӣ намуда, ваъда додааст, ки як адад трактори тамғаи МТЗ 82-ро аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба маблағи 190 ҳазор сомонӣ оварда медиҳад, аз ӯ 90 ҳазор сомониашро гирифта, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағи мазкурро ба манфиати шахсияш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

22.01.2026 8:33
29