Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздии маблағ аз дохили мағозаи масолеҳи сохтмонӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун бо ариза ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 16-уми сентябри соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи масолеҳи сохтмониаш, воқеъ дар бозори марказии ноҳия даромада, аз онҷо 23 ҳазору 500 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 16-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

22.01.2026 8:32
20