Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози чорабиниҳои тантанавии супоридани шиноснома дар вилояти Суғд

Бо оғози соли 2026, бо назардошти наздикшавии муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои довталабони муассисаҳои олии кишвар ба Маркази тестӣ ва зиёд гаштани шумораи муроҷиаткунандагон аз ҳисоби хатмкунандагони мактабҳои миёна кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии вилоят, минтақа ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба баргузории чорабиниҳои ба таври тантанавӣ ва дастаҷамъона супоридани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон шурӯъ намуданд.    
Тайи рӯзҳои 19-20-уми январи соли 2026 чунин чорабиниҳои тантанавии шиносномасупорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №4, №24 ва №29-и ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд гузаронида шуд, ки дар маҷмӯъ ба 67 нафар хатмкунандагони ин мактабҳо бори аввал шиноснома супорида шуд.
Дар толори маҷлисгоҳи муассисаҳои таҳсилоти зикргардида муовини сардори ХШБ РВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Иномҷон Ваҳобзода ва сардори ХШБ ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ подполковники милитсия Рустам Абдуманонзода дар назди омӯзгорону хонандагон баромад намуда, хонандагонеро, ки бо расидан ба синни 16 соҳиби шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд, аз номи роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бо ин рӯзи хотирмон табрик гуфтанд.
Зикр гардид, ки шиноснома на танҳо рамзи тааллуқият доштан ба шаҳрвандии кишвар, фарди ҷомеа гаштан, балки нишонаи камолёбии шахс, соҳибҳуқуқ ва ҳамзамон дорои уҳдадорию масъулият дар амал ва қарорҳои худро нишон медиҳад.
Таваҷҷуҳи хатмкунандагон ба он ҷалб карда шуд, ки аз шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибватан будани хеш ифтихор дошта бошанд, бо меҳнату ҷаҳду талоши донишомӯзӣ соҳиби унвони баланди донишҷӯ шаванд. Дар таҳсилу корҳои минбаъдаашон муваффақ гашта, дар оянда ба ободонию пешрафти диёри хеш саҳмгузор гарданд.
Расмҳои хотиравӣ ба чорабиниҳои доиркардашуда ҳусни анҷом бахшиданд.
Х. Солиҳӣ

21.01.2026 13:54
53