Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 54-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, барои равон намудан ба муҳоҷирати меҳнати ба давлати Аврупо аз моҳи майи соли 2024 то моҳи октябри соли 2025 ба боварии марди 42-солаи сокини шаҳри Турсунзода даромада, ба манзили зисташ даъват намуда, аз ӯ 98 ҳазору 250 сомонӣ гирифтааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
















