Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати марди 24-сола барои ба худкушӣ расонидани ҳамсараш
Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 28-солаи сокини ноҳияи Айнӣ, аз соли 2018 то ин ҷониб мунтазам бо роҳи таҳдид шаъну шарафи ҳамсараш ҷавонзани 26-солаи сокини ҳамон ҷоро паст зада, бо баҳонаи бо шахсони бегона муносибати маҳрамона дошта ва гӯё фоҳиша мебошад, дашномҳои кабеҳ намудааст.
Инчунин гумонбаршаванда, такроран 29-уми ноябри соли 2025, аз ҳиссиёти рашк ҳамсарашро дар дохили хонаи истиқоматиаш маврди лату кӯб қарор дода, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст, ки 17-уми январи соли 2026, ҷабрдида тоқат карда натавониста бо мақсади худкушӣ бо корди хоҷагӣ як маротиба ба шикамаш зарба зада, суиқасди худкушӣ намуда, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.














