Дастгир гардидани якчанд нафар бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун бо ариза ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 26-уми августи соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмониаш, воқеъ дар бозори марказии ҳамин ноҳия даромада, аз онҷо 23 ҳазору 500 сомониро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун содир намудааст.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, дар ширкати “Ҷура-таксӣ” ба мусофиркашонӣ машғул буда, 10-уми январи соли 2026, тахминан соати 13:00, аз кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе дар мошинаш марди 31-солаи сокини ноҳияро бо ҳамроҳии ҳамсараш ва апаи ҳамсараш савор карда, ба назди бозори “Ховарон” бурда мефарорад, ҳангоми фаромадан ҳамсари ҷабрдида ҳамёнашро, ки дар дохилаш 6 ҳазору 700 сомонӣ, 2 корти бонкӣ ва шиносномааш будааст, фаромӯш мекунад, ки гумонбаршаванда ҳангоми дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, дар назди масҷиди “Мехкалон”-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қарор доштанаш ҳамёнро аз қисмати қафои мошинаш дарёфт карда, аз дохилаш 6 ҳазору 700 сомониро гирифта, ҳамёнро дар ҷӯйбори обгузар мепартояд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

















