Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳодисаҳои ғоратгарӣ

17-уми январи соли 2026, тахминан соати 18:00, ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Сангвор, ҳангоми қарор доштанаш дар кӯчаи Н.Ҳувайдуллоеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҳолати камақлӣ ва нотавонии марди 27-солаи сокини пойтахт истифода бурда, бо тариқи ошкоро аз ӯ 200 сомонӣ, 1-адад соати дастии тамғаи “Джонер”, ки арзишаш 350 сомонӣ, 1-адад болопӯши мардона, ки арзишаш 250 сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Текно-20”, ки арзишаш 20 ҳазор рубли русӣ, мутаносибан бо асъори миллӣ 2 ҳазору 380 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 180 сомониро ташкил медиҳад. 
Гумонбар ҷавони 21-сола аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Инчунин зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 48-солаи сокини ноҳияи М.Ҳамадонӣ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 19-уми январи соли 2026, тахминан соати 21:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қарор доштанаш, марди 49-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро аз пушташ думболагирӣ карда, аз пушти сараш бо мушт зада ба замин афтонида тариқи маҷбурӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми 9”, ки арзишаш 700 сомонӣ, 1-ҷуфт пойафзоли варзишӣ, ки арзишаш 200 сомонӣ, 1-адад кулоҳи варзишӣ, ки арзишаш 100 сомонӣ ва 180 сомониро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст, ки ба ҷабрдида ба маблағи 1 ҳазору 180 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст. 
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

21.01.2026 8:37
24