Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паём - роҳнамои зан дар ҷомеа

Рӯзи 20-уми январ дар маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиши кормандзанони ВКД таҳти унвони «Паём - роҳнамои зан дар ҷомеа» баргузор гардид. 
Дар ҳамоиши мазкур муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Нозим Иброҳимзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Мадина Раҳмат, муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  Рӯдобаи Мукаррам, ходими барҷастаи сиёсиву давлатӣ аъзои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, собиқадори меҳнат, аъзои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Гулҷаҳон Бобосодиқова ва раиси Ассотсиатсияи шурои занони ВКД номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, полковники милитсия Азиза Давлатшозода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қабл аз оғози ҳамоиш меҳмонон нахуст аз намоиши китобу маҷаллаҳо ва дастурамалҳои соҳавии ВКД дидан намуда, бо фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ хусусан кормандзанони ин ниҳод шинос шуданд. 
Чорабинӣ бо суханронии муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Нозим Иброҳимзода  ифтитоҳ  гардид. Мавсуф доир ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ибрози андеша намуд. 
Дар навбати худ раиси Ассотсиатсияи Шурои занони ВКД полковники милитсия Азиза Давлатшозода иброз намуд, ки ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баргузор гардид, гувоҳи равшани садоқату самимияти бонувони мақомоти корҳои дохилӣ, ифтихори баланди милливу хештаншиносӣ, садоқат ба Ватан, ба Пешвои муаззами миллат ва ба ин сарзамини биҳиштосо мебошад.
Инчунин меҳмонон дар мавзуъҳои «Барномаҳои давлатӣ дар самтҳои мақоми зан дар ҷомеа», «Занон дар мақомоти корҳои дохилӣ, рамзи устуворӣ ва масъулият», «Паём - пайке аз шодмонӣ» ва «Истиқлоли кишвар ва мақоми зан дар ҷомеа - дар партави паёмҳои Пешвои миллат» баромад намуданд.
Дар рафти ин ҳамоиш аз ҷониби курсантони Академияи ВКД, ашъор аз  манзумаи «Илҳом аз Паём»-и Ниҳонӣ ҳамчунин  шеър дар  мавзуи ватандӯстӣ ва порчаҳо аз достонҳои «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ қироат карда шуд. Дар хотимаи ин чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти ВКД ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. 
Тоҷиддин Латипов

21.01.2026 11:16
137