Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошт гардидани мард ва зан барои ташкили фоҳишахона 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38 ва зани 33-солаи сокинони шаҳрҳои Душанбеву Ҳисор бо гумони ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷаллобӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон хонаҳои истиқоматии дар кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе воқеъбударо ба  иҷора гирифта ба фоҳишахона табдил дода, 5-уми январи соли 2026, барои қонеъ гардонидани нафси шаҳвонии марди 33 ва зани 39-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва шаҳри Ҳисор шароит фароҳам оварда, бар ивазаш 650 сомонӣ ҳаққи хизмат гирифаанд. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

17.01.2026 8:40
26