Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздии чорво

Ба ШВКД дар ноҳияи Фархор бо ариза марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 16-уми августи соли 2025, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи ҳудуди ҷамоати деҳоти Чилдухтарони деҳаи Ҷавзодара 5 сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 17 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 44-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ноҳияи Лахш ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 25-уми октябри соли 2025, тахминан соати 16:00, бо роҳи пинҳонӣ вориди оғилхонаи манзили истиқоматии марди 49-солаи сокини ноҳияи Лахш шуда, аз онҷо як сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

17.01.2026 8:39
30