Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

БУДУБОШИ БИДУНИ САБТ ТО 60 РӮЗ. Тасвиби созишномае, ки будубоши шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистонро танзим мекунад

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномае қабул кардааст, ки тибқи он шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон то 60 рӯз бидуни бақайдгирии расмӣ, ҳуқуқи будубош дар қаламрави ҳамдигарро пайдо мекунанд.
Вакилони парлумон тарҳи “Созишнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Қирғизистон ва шаҳрвандони Қирғизистон дар ҳудуди Тоҷикистон”-ро, ки ҳанӯз 1-уми феврали соли 2018 имзо шуда буд, рӯзи 9-уми январи соли 2026 ба тасвиб расониданд.
Муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо зимни муаррифии тарҳи қонун дар назди вакилон гуфт, ки созишнома ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона, танзими ҳуқуқии сафарҳои шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои будубоши шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳудуди кишварҳои якдигар мусоидат мекунад.
“Дар созишнома муҳлатҳои аз уҳдадориҳои бақайдгирӣ озод карда шудани шаҳрвандон дар мақомоти салоҳиятдори тарафҳо, будубоши муваққатӣ дар ҳудуди тарафҳо, номгӯи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқдиҳанда барои ворид шудан ба ҳудуди тарафҳо ва дигар меъёрҳое, ки будубоши қонунии шаҳрвандонро тибқи талаботи шартномаҳои байналмилалӣ ба танзим медароранд, пешбинӣ шудааст”, - шарҳ дод А. Аламшозода.
Мавсуф зимни муаррифии лоиҳаи созишнома дар хусуси муҳлати сабт чизе нагуфта, танҳо зикр кард, ки созишнома аз 10 модда иборат буда, “дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор нашудааст”.
Шуҳрат Ғанизода, вакили парлумон, ки дар ҷаласаи мазкур тарҳи созишномаро муаррифӣ кард, дар суҳбат ба “Азия-Плюс” кӯтоҳ муҳлати будубоши қонунии шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳудуди кишварҳои якдигарро шарҳ дод.
“Дар тарҳи созишнома дарҷ шудааст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон то 60 рӯз бе сабти расмӣ, ҳуқуқи будубош дар қаламрави кишварҳои ҳамдигарро хоҳанд дошт”, - иброз дошт Ш. Ғанизода.
Номбурда зимни муаррифии тарҳи созишнома гуфт, ки танзими ҳуқуқии сафарҳои шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон ба кишварҳои якдигар, “ба ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои сокинони ин ҳарду кишвар мусоидат хоҳад кард”.
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон баъди чанд соли баҳси марзӣ, ки боиси даргирӣ ва қурбонии чандин нафар аз ду ҷониб шуд, дар масъалаи мушаххассозии хати сарҳад ба созиш расиданд.
Моҳи марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Содир Жапаров созишномаи ниҳоӣ дар бораи марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар шаҳри Бишкек имзо карданд.
Инчунин, бо иштироки роҳбарони ду давлат ду гузаргоҳи марзӣ ва ҳамин тариқ, марзи ду кишвар, ки беш аз 4 соли ахир баста буд, ба таври тантанавӣ боз шуданд. Рӯзҳои 18-19 март парлумонҳои ду кишвар ин шартномаро ба тасвиб расониданд.
«Азия-Плюс»

16.01.2026 16:36
19