Ҳалокати ду пиёдагард бар асари садамаҳои нақлиётӣ
14-уми январи соли 2026, тахминан соати 21:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “GAC AION S MAX”, Исломов Шаҳром Амонуллоевич, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе- Кӯлоб-Хоруғ” аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат пиёдагард Давлатов Муҳиддин Бозорович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Ваҳдатро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Давлатов М.Б. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
15-уми январи соли 2026, тахминан соати 12:30-дақиқа, ронандаи нақлиёти мусофиркашони “Тролейбуси барқӣ”, Азизова Дилбар Нарзуллоевна, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи С.Айнӣ аз самти кӯчаи Рӯдакӣ ба самти кӯчаи А.Дониши ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Саидзода Фотима, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва фарзанди хурдсолаш Сайфуллозода Таиба Илҳомҷон, соли таваллудаш 2022, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Сайфуллозода Т.И. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастраст намудан ба ҳалокат расида, Саидзода Ф.И. дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

















