Ошкор шудани фоҳишахона
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда манзили истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи Маяковскийи ноҳияи Синои шаҳри Душанберо ба фоҳишахона табдил дода, 10-уми январи соли 2026 ба марди 42 ва зани 41-солаи сокинони ноҳияи Ванҷ ва шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 100 сомонӣ гирифтааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.














