Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии марговар дар вилояти Суғд
13-уми январи соли 2026, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Мерве», Файзуллоев Шоҳрухон Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди кӯчаи А.Насриддинови ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Файзиев Расул Абдуваҳобович, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Файзиев Р.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
13-уми январи соли 2026, тахминан соати 17:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Наврузов Ҷалол Ҷалилович, соли таваллудаш 1959, сокини ноҳияи Зафаробод, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Бердизода Юсуф, соли таваллудаш 2016, сокини ҳамин ноҳия, ки роҳро убур мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Бердизода Ю. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
















