Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолатҳои қаллобӣ 

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор аризаи марди 34-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки моҳи октябри соли 2025, ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, худашро корманди ҶДММ “Ёвростандарт” муаррифӣ намуда, аз ӯ 235 ҳазор сомонӣ гирифта, як манзили истиқоматии 64 метри мураббаъро дар маҳалаи 8-уми шаҳри Ҳисор нишон дода ваъда додааст, ки манзили истиқоматиро ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда маблағи мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 45-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 22-юми августи соли 2025, марди 40-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 200 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки баъди 40 шабонарӯз хонаи истиқоматиашро ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад, аммо ӯ ваъдаашро иҷро накарда, маблағи мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

14.01.2026 8:16
30