Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғайриқонунӣ ҳай  карда бурдани воситаҳои нақлиёт

Ба ШВКД дар шаҳри Роғун бо ариза марди 40-солаи сокини шаҳри Норак муроҷиат намудааст, ки 9-уми январи соли 2026, шахсони номаълум автомашинаи шахсиаш тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро, ки дар канори роҳи мошингарди кӯчаи Истиқлоли шаҳри Роғун беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда дар масофаи 100 метр бурда партофтаанд.
Ҳангоми  гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда  шуд, ки кирдори мазкурро ҷавони 22-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст. 
Инчунин ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб аризаи марди 34-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ ворид гардидааст, ки шаби 9-уми январи соли 2026, тахминан соати 21:20-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз канори роҳи байни деҳаи Офтобруяи ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара, автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”-ро, ки беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдаанд. 
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Данғара содир намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

13.01.2026 8:39
25