Дуздии маблағ аз дохили автомашина
Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳритус аризаи марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 25-уми ноябри соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”, ки дар назди манзили истиқоматиаш беназорат меистод, 7 ҳазор сомонӣ ва 400 ҳазор суми узбекиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 16-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.















