Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани якчанд ҳолати дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 9-уми январи соли 2026, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо 20 ҳазор сомониро дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. 
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 19 ва ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳри Душанбе содир намудаанд.
Инчунин ба ШВКД дар шаҳри Бохтар аризаи зани 34-солаи сокини ноҳияи Фархор, ҷойи кораш фарроши маркази дилхушӣ, воқеъ дар шаҳри Бохтар  ворид гардидааст, ки 23-юми декабри соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили ошхонаи маркази дилхушии  мазкур 9 ҳазору 700 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Вахш содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

12.01.2026 8:42
34